Рӯзҳои 2-3 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Фарҳанг пули муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи раисии Давлати Қатар дар Муколамаи ҳамкории Осиё бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва варзиши ин кишвар ва Котиботи МҲО ташкил карда шуд.
Дар кори конфронс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Вазорати фарҳанги кишвар – Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Ш. Комилзода ва мутахассиси вазорати мазкур А. Пиров иштирок карданд.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат варзида, дар бораи инъикосҳо ва паёмадҳои гуногунии фарҳангӣ суханронӣ намуд. Зимни баромад роҷеъ ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаю созандаи намояндагони фарҳангҳо ва қавмиятҳои мухталиф дар Тоҷикистон ва инчунин сиёсати пешгирифтаи давлат дар ростои истифодаи босамари гуногунии фарҳангӣ баҳри рушди ҷомеа ва эҳтироми хусусиятҳои фарҳангии ақалиятҳо маълумот дода шуд.
Инчунин, дар рафти конфронс аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон презентатсияи кӯтоҳ дар бораи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ҳамчун падидаи пайвандгари фарҳангҳо байни якчанд кишварҳо ва халқҳои Осиё ба намоиш гузошта шуд.