Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Москва

14.09.2019 15:57

11 сентябри 2019 дар Москва зиёфати расмӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана баргузор шуд.

Дар он чорабинӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии  Федератсияи Россия, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати маҳалли иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватаноне, ки дар Россия иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки Истиқлол бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш меравад. Дар 28 сол мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро афзун намоем, насли навро дар рӯҳияи ватандорӣ ва эҳтиром ба Истиқлол тарбия кунем.

Дар саҳни толори меҳмонхонае, ки дар он зиёфати расмӣ баргузор гардид, намоишгоҳи сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон” ташкил шуд. Меҳмонон бо истифода аз фурсат бо фарҳанги куҳани миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон шинос гардиданд.

asosi-russia-14-09-2019_thumb.jpg

Нигористон

Тақвим