12 сентябри 2019 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Месут Озҷан баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди бештари ҳамкориҳо бо Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, бахусус дар заминаи ташкили давраҳои бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи барномаҳои мушаххас дар ин раванд ба мувофиқа расиданд.