Вохӯрӣ бо Додситони кулли Эрон

13.09.2019 03:21

4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза ба ҷинояткорӣ  ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар, хоссатан Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

IMG-20190905-WA0013-13-09-2019.jpg

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим