21 августи соли 2019 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ Мами Мизутори ва муовини Маъмури Барномаи рушди СММ (БРСММ) Асако Окаӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба натиҷаи Конфронси минтақавӣ роҷеъ ба иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 (21 августи соли 2019, ш.Душанбе) ибрози назар намуданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ ва дурнамои иқдомҳои муштарак дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мубодилаи афкор намуданд.