8 августи соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо роҳбари Агентии миллии иттилоотии Малайзия “Bernama” хонум Нурини Кассим баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва барқарор намудани ҳамкориҳои байни ду Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия табодули афкор намуданд.