Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Ҳирошима

06.08.2019 13:55

5 августи 2019 Сафири Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов зимни сафари корӣ ба префектураи Ҳирошимаи Япония аз Донишгоҳи Ҳирошима боздид намуда, бо ноиби президенти он профессор Ясуши Маруяма мулоқот намуд.

 Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории ҷорӣ дар доираи  Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ (JDS), омодасозии мутахассисон, имконияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи донишҷӯён ва олимони ҷавонро баррасӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз Сафир бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, низ вохӯрӣ кард.

012.jpg

013.jpg

 

Нигористон

Тақвим