2 августи 2019, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф ба музофоти Киотои Япония сафар карда, бо Губернатори музофоти мазкур ҷаноби Такатоши Нишиваки мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва сайёҳӣро баррасӣ карданд.
Т. Нишиваки аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музофоти Киотои Япония дар моҳи октябри соли 2018 ёдовар шуда, онро рӯйдоди таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Япония, хусусан барои музофоти Киото хонд.