Супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Украина

06.08.2019 15:04

6 августи  2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зоҳир Саидзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

З. Саидзода Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

S7A6136.jpg

 

Нигористон

Тақвим