Cупоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Гурҷистон

31.07.2019 14:13

30 июли соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) Зураб Абдушелишвилиро қабул намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ шуд.

М. Ҳусейнзода Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

S7A5675.jpg

S7A5679.jpg

 

Нигористон

Тақвим