30 июли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.