Баррасии  тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон

23.07.2019 14:15

22 июли 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Департаменти Осиёи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Гизела Ҳаммершмидт  баргузор гардид.

Кушишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси „300 рӯзи ислоҳот баҳри рушди соҳибкорӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ», таъсиси интернет-портали тиҷорати Тоҷикистон, ислоҳоти қонуни андоз, саноатикунонии кишвар ба манзури истеҳсоли молҳои ҷойгузини воридот ва тавсеаи шарокати рушд байни Тоҷикистону Олмон аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқот баррасӣ гардиданд.

Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки идомаи шарокати рушд дар соҳаи беҳтарсозии хидматрасонии тиббӣ, ҳифзи модару кӯдак, ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодии ҳар ду кишвар ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Қарор аст, ки машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор гарданд.

Aks.jpg

 

Нигористон

Тақвим