19 июли 2019 дар Деҳлӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Президенти Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон д-р Винай Прабҳакар Саҳасрабудҳе баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Ҳиндустон, роҳҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.