19 июли 2019 дар Душанбе таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи XXVI Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони хадамоти консулии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Казоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон (ба ҳайси нозир), Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи Котиботи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои консулӣ дар паҳнои ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, ки ба густариши бештари робитаҳо байни кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.