18 июли 2019 Сафири Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов зимни сафари корӣ ба устони Акита бо Муовини раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Акита Ҳироюки Сато мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои тиҷорат ва саноат табодули назар намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти ташкили ҳамкориҳои мустақим миёни соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Японияро баррасӣ намуданд.