18 июли 2019 Сафири Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов аз Донишгоҳи Акитаи Япония боздид намуда, бо президенти он профессор Фумио Ямамото мулоқот баргузор намуд.
Дар мулоқот бо профессор Фумио Ямамото ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи донишҷӯён ва олимони ҷавонро баррасӣ намуданд.
Пас аз мулоқот Сафир дар назди ҳайати муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳ бо маърӯза дар мавзӯи "Сиёсати хориҷии дарҳои кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва робитаҳои дипломатии кишвар бо Япония” суханрони кард.