Мулоқоти Сафир бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар

17.07.2019 10:30

16 июли 2019 дар Давҳа мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Қатар Абдуллоҳ ал-Сулайтин баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари гурӯҳи кории Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба Тоҷикистонро, ки 8-12 июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷониби қатарӣ бо дарназардошти имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, гӯшт ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар изҳори ҳавасмандӣ намуд. Қайд гардид, ки Маҷмӯаи агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Инчунин дар рафти мулоқот оид ба роҳҳо ва механизмҳои роҳандозии ҳамкориҳо ва татбиқи тавофуқоти дар Душанбе ҳосилшуда табодули назар сурат гирифт.

Muloqot-bo-al-Sulaitin-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим