Дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон масъалаҳои ҳамгироӣ миёни САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд

11.07.2019 18:33

10 июли 2019 дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки дар он масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда буд, баргузор гардид.

Бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Дабири кулли СҲШ В.Норов оид ба ҳамкориҳои кишварҳои узви ин Созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо “се нерӯи шар” – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳануз аз оғози фаъолияташ СҲШ муваззаф шуда буд, ки дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад. Ӯ таъкид кард, ки дар ростои андешидани чораҳои лозим дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводди мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад.

Намояндаи махсуси ИА П.Буриан аз тамоюли рушди ҳамкориҳо миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳайатҳоро ба муқаррароти Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ, ки 17 июни 2019 қабул гардида буд ва ҳамзамон натиҷаҳои 15-умин нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 7 июли соли равон дар Бишкек баргузор гардид, ҷалб кард.

Дабири кулли САҲА Т. Гремингер тазаккур дод, ки фазои мусоиди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад, шароитро барои таъмини рушди муштараки кишварҳо, аз ҷумла бо ҷалби имкониятҳои созмонҳои минтақавӣ фароҳам сохтааст. Ӯ ба раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани мавзӯи ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба барномаи FSC изҳори сипос кард.
Иҷлоси мазкур ба созмонҳои минтақавӣ шароит фароҳам овард, то бар пояи муқаррароти боби VIII Оинномаи СММ, роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкории фарогир дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намоянд. 

 

Нигористон

Тақвим