10 июли соли 2019 дар Душанбе мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Сиздиков Марат баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон А.Мамин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11-12 июли соли 2019 баргузор мегардад, муҳокима карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.