Сафари расмии  Сарвазири Ҷумҳурии  Корея ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон

10.07.2019 09:42

Бино ба даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён аз 15 то 17 июли соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Дар назар аст, ки  дар ҷараёни сафари расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазирад.

Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ва мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар музокироти оянда дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

000186-1.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим