Дар бораи қазияи "Радиои Озодӣ"

03.07.2019 14:48

Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма дар бораи фаъолияти "Радиои Озодӣ", дақиқтараш сабти ном накардани  баъзе кормандони он маводди беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ нашр шуда истодаанд.

Ҷиҳати андохтани рӯшанӣ ба қазияи мазкур бояд қайд кард, ки "Радиои Озодӣ" фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 1.5-и моддаи I-и Низомномаи "Радиои Озодӣ" намояндагӣ зимни пешбурди фаълияти хеш бояд тамоми уҳдадориҳои пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро  иҷро намояд. Ҳамчунин мутобиқи банди 2-и моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", "филиал ва намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешаванд". Тибқи моддаи 33-и Қонуни мазкур "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд".

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, маводди интишории "Радиои Аврупои Озод" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, баръакс дар шакли моҷароҷӯёна ва иғвоангез ба хонандагону шунавандагони васоити ахбори омма хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод мекунанд.

Дар ин хусус фаъолияти "Радиои Аврупои Озод" муқобили моддаи II-и Низомномаи "Радиои Озодӣ" буда, бино ба моддаи мазкур "Радиои Озодӣ" уҳдадор аст, ки иттилоотро дар асоси далелҳои муътамад паҳн намуда, дастрасӣ ба хабарҳои  воқеиро таъмин намояд, ба таҳкими  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат намояд.

Ҳамзамон бахши мазкур таблиғи идеологияи ифротӣ ва зиддимиллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва "Гурӯҳи 24"-ро роҳандозӣ намуда, маводди он ба таври рӯйпӯшона манфиатҳои созмонҳоеро, ки  бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ифротӣ ва террористӣ эълон гардиданд, ҳимоят мекунад.

Бояд зикр кард, ки тибқи банди 1-и моддаи 6–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (№ 961 аз 19 марти соли 2013),  "Интишори ахборе, ки барои  бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти констититутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор намудани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат  даъват мекунад, манъ аст".  

Дар хотима бояд таъкид кард, ки онҳое, ки ҳамчун корманди "Радиои Озодӣ" сабти ном нагардидаанд, ҳаққи  идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.

 

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил

ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ

882836-1454392774779606-1225666783-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим