Муҳтарам Александр Григоревич,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус барои меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намоям.
Ҳамчунин мехоҳам ба дӯстони беларусӣ дар робита ба ташкили хуби ҷашни бузурги варзишӣ – Бозиҳои дуюми аврупоӣ табрикоти амиқамонро изҳор дорам.
Тавре муҳтарам Александр Григоревич зикр намуд, зимни музокироти имрӯза доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус баррасӣ гардид.
Чунин мешуморем, ки бастаи нави санадҳое, ки мо дар айни ба имзо расонидем, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаамонро ба таври назаррас тақвият мебахшад.
Мехоҳам аҳамияти Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро махсус зикр намоям.
Дар ин замина, муҳокимаи муфассали роҳҳои интиқоли муносибатҳои шарикии стратегиамон ба сатҳи амалӣ мавзӯи асосии музокирот буд.
Мо ҷараёни мусбат ва устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид кардем.
Таваҷҷуҳи хосса ба масоили густариши ҷанбаҳои ҳамкориамон дар соҳаи иқтисоду тиҷорат зоҳир карда шуд.
Манзурам рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт аз қабили саноат ва кишоварзӣ, инчунин густариши навъҳои табодули моли мутақобила, бо назардошти имкониятҳои ҷонибҳо мебошад.
Таъмиқи робитаҳоямон дар ин самт, бешак, метавонад омили рушди муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ гардад.
Мо ҳамчунин муҳиммияти густариши робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо ва байни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар таъкид кардем.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии рушди Тоҷикистон дорои ҷараёни устувор мебошанд.
Суръатҳои афзоиши миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохила давоми даҳ соли охир дар сатҳи на кам аз 7 фоиз қарор доранд.
Мо саноатикунонии босуръати иқтисодиётро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии рушдамон вазифаи худ қарор додем.
Ин барои густариши ҳамкории мутақобилан судманди миёни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар робита ба ин, мо ҳавасмандиамонро ба густариши робитаҳои истеҳсолии кооператсионӣ бо шарикони беларусӣ ва ҷалби технологияҳои пешқадами Беларус ба бахши воқеии иқтисодамон зикр намудем.
Татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, мошинсозӣ ва маҷмааи агросаноатӣ дорои дурнамо номида шуд.
Таъсис додани корхонаи «Агротехсервис» оид ба васлу насби техникаҳои беларусии соҳаи кишоварзӣ ва хизматрасонии техникии он дар шаҳри Ҳисор ва инчунин корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли маҳсуоти ширӣ дар шаҳри Душанбе намунаи мусбати тавсеаи ҳамгироии мутақобилан судманд байни тарафҳо дар ин соҳаҳо мебошад.
Барои рушди ҳамкорӣ дар чунин бахшҳои аграрӣ, ба монанди ниҳолпарварӣ ва тухмипарварӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ иқтидори хуб мавҷуд мебошад.
Аз ҷумла, мо ба таҳвили картошкаҳои тухмии хушсифат ва маводи зотии селексияи беларусӣ ҳавасмандии худро иброз доштем.
Ҷониби Тоҷикистон, дар навбати худ, омода аст, ки содироти меваҳо ва хушкмеваҳои аз лиҳози экологӣ тозаамонро ба Ҷумҳурии Беларус афзоиш диҳад.
Мо ба тавофуқ омадем, ки корро оид ба пешбурди ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида, аз ҷумла, дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили ҳамкории иқтисодии фаъолона амалкунанда, идома диҳем.
Зимни музокирот ба масоили таъмиқи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд.
Муҳиммияти густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ таъкид карда шуд.
Миёни кишварҳоямон ҳамкории самарабахш дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус тақрибан 1500 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон дар асоси бурсия ва шартномавӣ таҳсил мекунанд.
Дар донишгоҳҳои пешқадами Тоҷикистон факултаҳои муштарак, ки дар доираи онҳо мубодилаи донишҷӯён ба роҳ монда шудааст, амал мекунанд.
Чунин мешуморем, ки фурсати тарҳрезии имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки таълимии Тоҷикистону Беларус фаро расид.
Тоҷикистон ва Беларус иштирокчиёни муҳими равандҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ мебошанд.
Дар робита ба ин, мо бо Александр Григоревич таҳкими иқтидори ҳамгироиамонро дар доираи СММ, ИДМ, СААД, Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар он Ҷумҳурии Беларус дорои мақоми шарики муколама мебошад, инчунин дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба, ки ҳарду ҷониб аъзо ҳастанд, ҷонибдорӣ намуданд.
Мо доир ба маҷмӯи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкори ҳамаҷониба намудем.
Бо дарназардошти вазъи ташвишовари баамаломада дар сарҳадҳои ҷанубии кишварҳои ИДМ, масоили амнияти минтақавӣ дар мадди таваҷҷуҳи мо буданд.
Мо ҳавасмандии мутақобиларо дар идома додан ва таҳким бахшидани ҳамгироии мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ - терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, тасдиқ намудем.
Мо ҳамчунин мушкилоти Афғонистонро, ки нисбат ба он кишварҳои мо мавқеи ҳамсон доранд, муҳокима кардем.
Мо ба талошҳои муштараки минбаъда оид ба мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар ҳамаи сиғаҳо изҳори ҷонибдорӣ намудем.
Дар фарҷом мехоҳам дар робита ба натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои барои муносиботи ду кишвар созанда ва комилан ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, қаноатмандии амиқи худро изҳор намоям.
Онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ба ояндаи наздики муносибатҳои Тоҷикистону Беларус бо умеди бузурги нек назар намоем.
Ман аз муҳтарам Александр Григоревич даъват ба амал овардам, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.
Умедворам, ки идомаи муколамаи судмандамон дар Душанбе ба тақвияти бештари ҳамгироиамон мусоидат менамояд.
Ташаккур.