30 июли соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқии Тоҷикистону Россия мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, энергетикӣ, тиҷорату иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба зарурати иҷрои қарордодҳое, ки дар ҷараёни вохӯриҳои сатҳи олӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар сатҳҳо ҳосил шудаанд ва инчунин ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия ва ҷалби бештари сармоягузориҳои Россия дар иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки робитаҳои мустақим ва табодули маълумот миёни мақомоти марбутаи ду кишвар бояд фаъолтар густариш ёбанд.
Ҷонибҳо масълаҳои минтақавию байналмилалиро низ мавриди муҳокима қарор доданд. Оид ба вазъи кунунии Афғонистон дар партави ҳаводисе, ки дар ин кишвар рух медиҳанд ва метавонанд пайомадҳои ногуворе дошта бошанд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ аз чолишҳои амниятӣ имконияти роҳандозии як қатор иқдомҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Масъалаҳои вобаста ба вохӯрии дарпешистодаи сарони ду кишвар, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Форумаи анъанавии байнипарлумонӣ оид ба ҳамкории байниминтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назар карданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила, ки хосси муносибатҳои ду кишвар аст, баргузор гардид.

