1 июли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.
Дар суҳбате, ки доир шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Покистон табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Покистон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.