30 июли соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳу абзорҳои мавриди қабули тарафайн барои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои таъомули созанда ва боэътимод баррасӣ шуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳои мавриди алоқамандии ду кишвари дӯст, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистода дар сатҳи раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи Вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш. Душанбе ба густариши ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар вохӯрӣ инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назари судманд сурат гирифт.