28 июли соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки айни замон Созмони ҳамкории Шанхай як навъ оилаест, ки дар он принсипҳои дастгирӣ ва ҳамёрӣ ҳукмфармо мебошад. Тазаккур гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ чунин дастгириро пурра эҳсос намуд ва дар ин робита миннатдории худро баён мекунад.
Сироҷидин Аслов изҳори боварӣ намуд, ки дар рафти ҷаласаи ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ ҷонибҳо дар ҳамбастагӣ, инчунин дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ метавонанд ба тамоми ҳадафҳои гузошташуда бо натиҷаҳои мусбат, ки аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони давлатҳои аъзои СҲШ босазо арзёбӣ хоҳанд гашт, бирасанд.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ фаъолияти босамарро баҳри шукуфоии минбаъдаи Созмон таманно намуд.
Дар навбати худ, ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ ба ҷониби Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
