Мулоқоти минтақавии коршиносон дар масъалаҳои саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонони мактабхон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ

21.06.2019 10:13

Бо ташаббуси Комиссисяи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато 11-12 июни соли 2019 дар шаҳри Гулистон мулоқоти минтақавии коршиносон дар масъалаҳои саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонони мактабхон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур коршиносони созмонҳои  байналмилалӣ ва намояндагони 11 кишвар иштирок намуда, дар соҳаи дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар мавзӯи саломатии борварӣ ва тарзи ҳаёти солим мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ташаккули муносибати солими байниҳмадигарӣ, нигоҳ доштани саломатии ҷинсӣ ва борварӣ, пешгирии ВНМО  ва пешгирии табъизи одамони гирифтори ВНМО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG-20190611-WA0001.jpg

 

Нигористон

Тақвим