Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Амороти Муттаҳидаи Араб

16.06.2019 15:24

16 июни 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Нур-Султон Муҳаммад Аҳмад Султон ал-Ҷобирро  ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб табодули назар намуданд.  

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди дӯстии анъанавии Тоҷикистону Аморот, ки ба руҳияи муносибатҳои тарафайни мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

PS7A3856-16-06-2019.jpg

PS7A3861-16-06-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим