16 июни соли 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманиям Ҷайшанкар, ки ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсеаи ҳамкориҳои байни ду кишвар дар тамоми соҳаҳои гуногун таъкид гардид.
Гузашта аз ин дар атрофи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.