Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Эрон эътимоднома супорид

18.06.2019 15:16

17 июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид.

Дар чаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти Сафир Н.Зоҳидӣ бо Президент Ҳ.Руҳонӣ доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донист.

Дар фарҷом Президент Ҳ.Руҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дода, ба Сафир Н.Зоҳидӣ барои фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

12-1.jpg

16.jpg

 

Нигористон

Тақвим