13 ва 16 июни соли 2019 дар Галереяи Третяков бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия намоиши филмҳои коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар - “Тангно” ва “12 соли интизорӣ” баргузор гашт. Ин филмҳо дар муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ба навор гирифта шудаанд.
Дар намоиши филмҳо ходимони намоёни фарҳанг, ҳамватанони муқими Русия, донишҷӯёни тоҷик ва меҳмонону сокинони шаҳри Москва иштирок намуданд.
Баъди намоиш вохӯрӣ бо созандагони филмҳо ва иҷрокунандаи нақши асосӣ барпо шуд. Онҳо дар бораи филм, таърихи наворбардории он ва нақшаҳои киностудияи “Суғдсинамо” маълумот доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ҳунармандон ва намояндагони ҷавони кинои тоҷикро табрик намуда, аҳаммияти намоиши филмҳо барои ҳамватанонро таъкид кард. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки киностудияи “Суғдсинамо” анъанаҳои хуби кинои тоҷикро идома медиҳад.
Дар маҷмӯъ намоиши филмҳо миёни тамошобинон таассуроти нек ва хотирмонро боқӣ гузошт.