Оид ба қазияйи мактуби сармоягузори Украинӣ Виталий Костюк

19.06.2019 17:58

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати сармоягузори Украинӣ Виталий Костюкро дар хусуси аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд Сангинзода Мирзоравшан ва муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Неъматзода Шариф Камол поймол намудани ҳуқуқояш ҳангоми бозгашт мавриди пайгирӣ қарор дод.

Тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ кирдори ғайриоинномавии Сангинзода Мирзоравшан ва Неъматзода Шариф Камол муайян гардида, онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод ва аз хизмат дар ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар хориҷ карда шуданд.

Нисбати рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

882836-1454392774779606-1225666783-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим