12 июни 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон нишасти хабарӣ дар робита ба Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни 2019 дар Душанбе баргузор мешавад, гузаронида шуд. Дар нишасти мазкур намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили “Ирно”, “Исно”, “Илно”, сайтҳои хабарии “Офтоби Корун”, “Моҳон-нюс”, “Садо ва симо”, “Субҳи миллат”, “Эрон-нюс”, “Ово-дипломотик” ва “Осиё” иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Н.Зоҳидӣ ба хабарнигорони кишвари иқомат доир ба таърихи таъсиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёро пайгирӣ мекунад, маълумоти мухтасар ироа намуд ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон дар солҳои 2018-2020 ҷалб намуд. Дар ин росто ҳадафу барномаҳои давраи раёсати Тоҷикистон дар созмон, ки ба таҳкими зарфиятҳои МҲТБО дар татбиқи тадбирҳои эътимодсозӣ дар абъоди панҷгонаи фаъолияти ин созмон нигаронида шудаанд, таъкид гардиданд. Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси раиси кунунии МҲТБО талош хоҳад кард, то ҳамкории кишварҳои узви ин созмон ба хотири таъмини сулҳу субот ва рушду тавсеаи пойдор дар минтақа истеҳкоми беш аз пеш пайдо кунад. Дар ин робита аҳаммияти баргузории Иҷлоси панҷуми сарони кишварҳои узви МҲТБО дар Душанбе ва нақши он дар тақвияти ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳои узви созмон таъкид карда шуд. Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони Иҷлоси панҷуми МҲТБО эътимоди комил дорад, ки ҳамоиши мазкур саҳнаи муҳим ва мусоид барои баррасии мушкилоти мавҷуда дар қаламрави созмони мазкур ва эҷоди роҳҳалҳо барои онҳо хоҳад буд ва дар табдили Осиё ба қитъае, ки дар он амну субот ва рушду тавсеа пойдор бошад, нақше хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми нишасти хабарӣ аз ҷониби Сафири кишвар ба пурсишҳои намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ҷавобҳои мушаххас дода шуд.