11 июни 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон бо қароргоҳ дар Москва Имомуддин Сатторов аз Ереван боздид намуд.
Дар доираи сафари корӣ Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Арманистон Тигран Хачатрян мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили ширкатҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар суҳбат оид ба таҳкими робитаҳо миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Арманистон, аз ҷумла ташкили сафарҳо бо мақсади омӯзиши таҷриба табодули назар сурат гирифт.
Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Арманистон баҳри густариши муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ шуд.
Худи ҳамон рӯз инчунин вохӯрии Сафир бо Вазири саноати технологияҳои навини Арманистон Акоб Аршакян баргузор шуд. Ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои технология ва илму маориф табодули афкор намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои вобаста ба ширкатҳои соҳаи IT дар Арманистон баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи асосӣ ба фаъолияти ширкатҳо дар соҳаи технологияҳои муосир равона шуд.
Ҳамчунин масоили таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои инноватсия ва технологияҳои нав, марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра муҳокима шуд.