6 июни 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Котиби муштараки Шуъбаи Аруосиёи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Маниш Прабҳат мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид карданд.