17 июли соли 2014 бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Абдилдаев сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Зимни он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор рушди бемайлон доранд ва густариши минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду ҷониб мебошанд. Тарафҳо зарурати тақвияти ҳамкориҳоро тавассути механизмҳои мавҷудаи дуҷониба қайд намуда, изҳор намуданд, ки ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзӣ набояд риштаву пайвандҳои анъанавии дӯстии ду давлатро халалдор созанд.
Сипас вохӯрии С.М.Аслов бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷ. Оторбаев сурат гирифт. Дар он роҳҳои ҷоннок кардани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз коҳиши тиҷорати дуҷониба изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки имкониятҳои васеи мавҷудаи ҳамкориҳо на ҳамеша самаранок истифода мешаванд. Дар ин замина, онҳо татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан муфиди муштаракро дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, савдои наздисарҳадӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ карданд.
Дар доираи сафар мулоқоти хоса ва дар доираи ҳайатҳо бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир шуд. Дар он ҷонибҳо тамоми масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои минтақавиро муҳокима намуданд. Онҳо ҷоннок кардани фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматии муштарак оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, зарурати идомаи кори онҳоро бар асоси усулу принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид сохтанд. Вазирон аз ҳодисаҳои дар марзи ду кишвар ба миёномада изҳори таассуф намуда, зарурати кӯшишҳои муштаракро оид ба тафтиши ин ҳаводис ва роҳҳои минбаъд пешгирӣ кардани онҳоро муҳокима намуданд. Ҷониби Тоҷикистон як зумра тадбирҳои мушаххаси марбут ба коҳиши ташаннуҷ, ҳалли мусолиматомези проблемаҳои мавҷуда ва тақвияти эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадиро пешниҳод намуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шанхайро, ки охири моҳи июл дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, муҳокима намуда, омода сохтани лоиҳаҳои созишномаҳои дар он баррасишавандаро ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ карданд.
Вазирони корои хориҷӣ Барномаи ҳамкориҳои байни идораҳои сиёсати хориҷии ду кишварро барои соли ҷорӣ имзо намуданд, ки он доир намудани машваратҳои муштаракро доир ба масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ менамояд.
Мулоқотҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек бо дипломатҳои тоҷик машварат гузаронида, дар бораи вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда ва дурнамои муносибатҳо бо кишвари иқомат ибрози ақида намуд.