Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон

31.05.2019 11:36

30 майи 2019 дар шаҳри Ашқобод дар остонаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамадов мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, нақлиётӣ-транзитӣ, энергетика ва саноат, илму маориф ва гуманитари мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.

Зимни вохурӣ тарафҳо ҳавасмандии хешро роҷеъ ба рушду густариши муносибатҳои шарикии Туркманистону Тоҷикистон дар робита ба маҷмуъи масоили ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.

TURKMENISTAN-jpg-03.jpg

TURKMENISTAN-jpg-04.jpg

 

Нигористон

Тақвим