24 майи соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон дар Гурҷистон Рустам Солӣ ба Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили Эътиборнома супорид.
Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Гурҷистон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он Сафири кишвари мо ба Президенти Гурҷистон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Гурҷистон сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
Президенти Гурҷистон, зимни арзи дуруд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафт орзу карда, изҳори умедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар заминаҳои гуногун идома хоҳад ёфт.