24 майи соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон дар Гурҷистон Рустам Солӣ нусхаи Эътимодномаи худро ба Муовини Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Вахтанг Махароблишвили супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома, мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар доир гардид.
Ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, сайёҳи ва муҳоҷират, инчунин транзитӣ омодагӣ изҳор намуданд.
Вахтанг Махароблишвили ба Сафир ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани маъмурияти дипломатӣ комёбиҳо орзӯ намуд.