Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо 23 майи соли 2019 дар чорабинии анъанавии “Шоми дарҳои кушодаи консулгариҳо”, ки маротибаи ҳаштум дар шаҳри Ҳамбург баргузор гардид, иштирок намуд.
Бо ташаббуси Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Тоҷикистон дар Олмон чорабинии имсола ба “Соли рушди маҳал, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 2019-2021 ва “Рӯзи ҷавонон” бахшида шуд. Беш аз 500 нафар намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ, вакилони парлумони замини федеролии Ҳамбург, ҳамватанони муқими Олмон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин шом ба Консулгарии фахрии Тоҷикистон ташриф оварда, роҷеъ ба дастовардҳои имрӯзаи кишвар ва имкониятҳои сайёҳии он иттилоъ ба даст оварданд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар баромадҳои худ ба ҳозирин оид ба иқтидори иқтисодӣ-сармоягузорӣ, имконияту захираҳои фаровони сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва рушди устувори ин соҳаи муҳими иқтисодӣ дар кишвар маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба иштирокчиён филмҳои кӯтоҳмуддат оид ба рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони намоиш дода шуд.