17 майи 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саъид баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои барои ҳарду ҷониб муҳим табодули афкор сурат гирифт.