15 июли 2014 дар Қоҳира Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Сомеҳ Шукрӣ Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба муносибати супоридани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.
Дар дидори мазкур алоқамандии ду ҷониб ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср таъкид гардид.
