Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳод дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамчунин роҳбари ҳайати Тоҷикистон мавқеи Кишварро роҷеъ ба масоили муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ изҳор дошта, аҳаммияти ҳамкории мақомоти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, инчунин зарурати муттаҳидсозии саъю талошҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгаройро таъкид намуд.