31 майи 2019 дар Қасри Сафои Маккаи Мукаррамаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоев Маҳмадсаид иштирок намуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи Созмон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ин Ҳамоиш сарони давлатҳои узви СҲИ қатънома доир ба қазияи Фаластин ва Баёнияи Маккаи Мукаррамаро қабул намуданд.