17 майи 2019 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм, тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд.