3 июни соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур супорид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ ва тақвият додани фаъолияти созмон дар бахшҳои мухталифро дар давраи раёсати Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи санади роҳбурдии “Чашмандози СҲИ - 2025” ва амалӣ намудани нақшаи ислоҳоти Котиботи созмон ва муассисаҳои зертобеи он, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки зерсохториву нақлиётӣ дар қаламрави кишварҳои СҲИ зоҳир гардид.
Дабири кулли СҲИ Ҳ.Сулаймонпур Н.Зоҳидиро ба муносибати шурӯи фаъолият ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СҲИ табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳо таманно намуд.