Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

17.05.2019 14:57

17 майи 2019 дар  Душанбе дар ҳошияи  Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

PS7A1045.jpg

 

Нигористон

Тақвим