6 июни 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Мушовири хоси Президенти Фаронса дар масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Паскал Лороро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин табодули афкори созанда доир ба ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.