6 июни 2019 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар чорабинии илмӣ-иттилоотии «Рӯзи сафирони Аврупои Шарқӣ дар бандари Ҳамбург» ширкат намуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, Иттиҳоди Аврупои Шарқӣ дар Донишгоҳи Kühne Logistics University-и шаҳри бандарии Ҳамбург бо иштироки сафирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Истифодаи зерсохторҳои бандарии Ҳамбург дар муомилоти тиҷоратӣ ва интиқоли бор, рушди робитаҳои соҳибкорони музофот бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои Ҳамбург, инчунин дурнамои ҳамкориҳо бо дарназардошти лоиҳаи «Як камарбанд - як роҳ» аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқот бо сенатори масоили тиҷоратии музофоти Ҳамбург, устодони донишгоҳҳо ва дигар шахсони расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.