16 майи соли 2019 дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эстония баргузор гардид.
Дар машваратҳои мазкур дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифта ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.